Имрӯз дар Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои фаъолияти донишкада бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси роҳбарияти донишкада ташкил гардида, дар фазои тантанавӣ, бо сатҳи баланди маънавию илмӣ доир шуд.
Чорабинӣ тибқи барномаи пешакӣ таҳияшуда баргузор гардида, дар он ҳайати роҳбарикунандаи донишкада, аз ҷумла директори донишкада аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Сун Ҷинг, директори донишкада аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Имомзода Маҳина, дигар кормандон, ҳайати омӯзгорон ва шунавандагони донишкада фаъолона иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини директори донишкада Авзалов А.Х. ифтитоҳ намуда, меҳмонони даъватшуда ва иштирокчиёни чорабиниро муаррифӣ кард. Дар оғози чорабинӣ Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки тамоми ҳозирин садо дод.
Нахуст, директори донишкада аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Маҳина бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба онҳо таманниёти нек орзу намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар танзими асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу омӯзиши илмҳои муосир ва азхуд намудани забонҳои хориҷӣ нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон, зикр гардид, ки хатмкунандагон ва шогирдони донишкада, ки имрӯз дар сохторҳои гуногуни давлатӣ ва иқтисодии кишвар фаъолият доранд, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Роҳбарияти донишкада низ дар навбати худ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия ва камолоти маънавию касбии шунавандагон пайваста талош менамояд.
Сипас, шунавандагони фаъоли донишкада, аз ҷумла Иброҳимзода М., Маҳмадёрзода М. ва Дӯстмуродов Д., бо ташаббуси худ ва эҳсоси баланди худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ баромад намуда, бо забони чинӣ дар бораи мазмуну моҳият ва аҳаммияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карданд. Баромади онҳо, ки бозгӯи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва маҳорати хуби забондониашон буд, боиси ифтихори роҳбарияти донишкада гардид.
Дар идомаи чорабинӣ сухан ба меҳмони даъватшуда – номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмудов Иззатулло Тешаевич дода шуд.
Маҳмудов И.Т. дар баромади пурмуҳтавои худ оид ба паҳлуҳои муҳимтарини Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, ба таърих, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди низоми конститутсионии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард.
Аз ҷумла, мавсуф таъкид намуд, ки Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби сиёсӣ ва иҷтимоии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таҳия ва қабул гардидааст. Дар раванди таҳия ва қабули он гурӯҳҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва намояндагони ҷомеа саҳми худро гузошта, пешниҳодҳои мухталиф ироа намуда буданд. Дар натиҷа, бо дарназардошти пешниҳодҳои сершумори шаҳрвандон, 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор гирифт.
Дар идомаи суханронӣ вазъи кунунӣ ва аҳаммияти Конститутсия мавриди таҳлил қарор гирифта, зикр гардид, ки ин санади олии ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатиро фаро гирифта, асосҳои сохтори конститутсионӣ, маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолатҳои ҳуқуқии онҳоро муайян намуда, принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатиро ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар менамояд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки маҳз дар заминаи кафолатҳои конститутсионӣ шаҳрвандони кишвар имконият доранд ба таҳсилу омӯзиши илмҳои гуногуни муосир, азхуд намудани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони чинӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва дигар дастовардҳои илму техникаи ҷаҳонӣ фарогир шаванд.
Дар робита ба дурнамои рушди низоми конститутсионӣ қайд гардид, ки дар шароити муосир, бо назардошти равандҳои рақамикунонӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои инсонӣ, ҳифзи муҳити зист ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои аҳолӣ, зарурати тақвияти масъулияти шаҳрвандӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди устувори давлат рӯз то рӯз бештар мегардад.
Дар ин замина, ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, нияти созанда ва садоқат ба Ватан дар иҷрои вазифаҳои касбӣ ва ҷамъиятии худ саҳм гузошта, барои ободонӣ, пешрафт ва шукуфоии Тоҷикистони азиз софдилона меҳнат намояд.
Дар қисмати ҷамъбастии баромади худ устод Маҳмудов И.Т. бо шунавандагони донишкада оид ба паҳлуҳои гуногуни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саволу ҷавоб доир намуда, ба саволҳои онҳо посухҳои мушаххас ва муфассал пешниҳод кард. Ҳамзамон, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, онҳоро ба омӯзиши амиқи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба қонун ва саҳмгузорӣ дар бунёди ояндаи дурахшони кишвар ҳидоят намуд.
Дар фарҷом муовини директори донишкада Авзалов А.Х. чорабиниро ҷамъбаст намуда, ба ҳамаи иштирокчиён барои иштироки фаъолона ва саҳми арзандаашон изҳори сипос кард. Ҳамзамон, тамоми ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба онҳо саломатӣ, сарбаландӣ ва дар фаъолияти таълимию илмӣ муваффақиятҳои нав орзу намуд.
Чунин чорабиниҳо дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ дар байни омӯзгорону шунавандагони донишкада аҳаммияти муҳим доранд.
Муовини директори Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ Авзалов А.Х.
