ҶАЛБИ ҶАВОНОНИ ХУШСАЛИҚА БА ҶОЙИ КОР

378

Дирӯз дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён тақсимоти хатмкунандагони ихтисосҳои равияи омӯзгории факултетҳои филология, забон ва адабиёти рус, физика, химия, механикаю математика, таърих, биология инчунин, ихтисосҳои астрономия, биотехнология ва психология бо иштироки намояндагони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои И.Сомонӣ, Фирдавсӣ, Сино, Ҳисор, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Ваҳдат, Дӯстӣ, Хуросон, Қубодиён, Ёвон, Вахш, Кӯлоб, Ҷ.Балхӣ, Кӯшониён, А.Ҷомӣ ва дигар муассисаву ташкилоту идораҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфт. Баъдан меҳмонон дар робита ба фаъолияти сохторҳои хеш суханронӣ намуда, барои ҷалби ҷавонони хушсалиқа ба ҷойи кор тавсеаҳои судманд доданд.