ФОРУМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

293

Дар доираи Панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони кишварҳои муассиси Бунёди байналмилалии наҷоти Арал дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 13 то 14-уми сентябр Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад.

Дар замони ҷаҳонишавӣ бояд дар хотир дошт, ки донишгоҳҳо ва марказҳои таълимиро робитаҳои зич ба ҳам мепайвандад. Ҳамкориҳои имрӯзаи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намоянд.

Дар нақша аст, ки дар Форум намояндагони зиёда аз ҳафтод донишгоҳ ширкат мекунанд, ки аз ин 35 нафар аз муассисаҳои олии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон мебошанд. Дар ин ҳамоиш беш аз 40 созишнома имзо хоҳанд шуд, ки ба рушди робитаҳои илмию педагогӣ, табодули академӣ ва таҳияи барномаҳои таҳсилотӣ нигаронида шудаанд.

Умед аст, ки Форум ба самтҳои илм, таълим ва инноватсион такони нав бахшида, марҳалаи муҳими рушди муносибатҳои муассисаҳои илмию таълимии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самтҳои ҳамкорӣ мегардад.