ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – АСОСГУЗОРИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН

820

Имрӯз (11.05.2023) дар пояи Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекунад,  нахустин конференсияи илмию назариявӣ баргузор гардид.  Дар кори конференсия роҳбарият ва олимону муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сухани муқаддимавии хеш афзуд, ки  кишвари мо дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии худ ба муваффақиятҳои зиёди мондагор ноил гардидааст. Ин ҳама натиҷаи заҳмати халқи шарафманди кишвар дар доираи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози Истиқлоли давлатӣ барои ба роҳ мондани сиёсати хориҷии фаъол дар ихтиёри худ ҳеҷ гуна ниҳоду дастгоҳи коршоям ва бунёди зарурии моддию техникӣ надошт. Вазорати корҳои хориҷии кишвар ҳамчун ниҳоди татбиқкунандаи сиёсати хориҷӣ танҳо ба таври рамзӣ вуҷуд дошта, на аз назари ҳайати роҳбарӣ, идорӣ ва на аз назари мазмуну сифат, насли дипломатҳои миллӣ ҳанӯз шакл нагирифта буд. Рушди сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи муосири Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI Шурои Олии кишвар ибтидо мегирад. Маҳз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ заминаи ҳалли қазияи дохилӣ ва ба роҳ мондани муносибатҳои мутақобилан судмандро бо давлату созмонҳои хориҷӣ гузошт”- таъкид дошт ректори донишгоҳ.

Зимнан директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат Ҷ.Шарифов, ки гирдгардонандаи конференсияи мазкур буд, оид ба муҳиммияти баргузории ҳамоиши мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки  нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишон додани ҳадафҳо ва усулҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дипломатияи миллии Тоҷикистон хеле муҳим аст. Усулҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз Иҷлосия дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон» баён гардид.

Ҳамин тавр, дар идомаи конференсия доктори илмҳои сиёсӣ, профессори кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ ва дипломатияи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Саидов Ҳомид дар мавзӯи “Шаклгирии низоми сиёсати хориҷӣ ва хадамоти консулгарӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар”, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ Самиев Холмаҳмад дар бораи “Омӯзиши маҷмӯи раванди сулҳи тоҷикон: муҳимият ва зарурияти муаррифии он” ва мудири кафедраи таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии донишгоҳ Иброҳимова Гавҳарбону оид ба мавзӯи “Аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар рушду такомули ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.

Бояд гуфт, ки сиёсати воқеъбинона дар истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо 180 кишвари ҷаҳон, ифтитоҳи 30 намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дар назди созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ифтитоҳи беш аз 50 намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон, мубодилаи ҳамасолаи молу маҳсулот бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳонӣ ва аз ҳама муҳим ироаи ташаббусҳои байнамилалӣ ба хусус дар масъалаи об, ҳамкорӣ дар соҳаи об ва табдили он ба омили муҳимми рушди устувори иқтисодӣ инъикос меёбад.

Гуфта шуд, ки имрӯз дар сатҳи байналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор дар роҳи ҳалли масъалаҳои умдаи ҷаҳонӣ монанди мубориза бо тарроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, халъи силоҳ, ҳифзи муҳити зист, махсусан ҳифзи пиряхҳо, ки манбаъаи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб мераванд, эътироф гардидааст.