МАЪРИФАТНОКШАВИИ ЗАН АСОСИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА

29

Имрӯз (04.12.2024) дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори раёсати Донишгоҳ ва бахши кор бо духтарон ва занон дар доираи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2030», бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон курси омӯзишии «Зан-сарвар» гузаронида шуд.

Ифтитоҳи курси мазкур бо иштироки ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. баргузор гардид. Мавсуф дар оғоз мухтасар перомуни аҳамияти гузаронидани курсҳои таълимии мазкур ва ҳадафи он сухан намуда, зикр намуд, ки баргузории курси мазкур ҷиҳати амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, инчунин, фаъолгардонии онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.

Ҳамзамон, мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии Донишгоҳ Амирхон Шоҳҳусайн Талбонӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хосса дода, кӯшидаанд, ки занон дар ҷомеа пешсаф бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбия ёбанд. Ин арзиш асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Барои ҳамин ҳам ба хотири устувории оила дар заминаи муҳаббати самимӣ ба якдигар ва эҳтирому дӯстии онҳо дар ҷомеа оила бунёд намоянд. Пеш аз он ки фарзандонро ба ҳаёти мустақилона гусел менамоем, онҳо бояд аз нозукиҳои оиладорӣ, одоб, муошират, муносибат бо калонсолон, эҳтироми онҳо, хуллас аз маҷмӯи талаботи моддию маънавӣ оиладорӣ огоҳӣ дошта бошанд.

Бояд гуфт ки ташкил ва баргузор намудани курси «Сарварони сиёсӣ», бо ҷалби донишҷӯёни фаъоли факултетҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳз бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, иштироки ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, муттаҳидии донишҷӯёни фаъол ва таҳсилоти муносиб барои онҳо, дастгирии ташаббуси донишҷӯёни фаъол, мусоидат ба рушди ҳаракати илмиву сиёсӣ ва ҷамъиятии ҷавонон, рафъи мушкилоти онҳо дар раванди таҳсил ва мутобиқшавию рушду такомули онҳо дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.