Имрӯз (04.11.2026) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайати роҳбарияти Донишгоҳ бо намояндагони Донишгоҳи федералии Урал ба номи Президенти якуми Федератсияи Русия Б. Н. Елтсин баргузор гардид.
Ҳайати меҳмононро муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба илм ва инноватсия доктори илмҳои химия, профессор Сафармамадзода С. М. истиқбол гирифта, бо онҳо суҳбат анҷом доданд. Ҳайати Донишгоҳи федералии Уралро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Сергей Геннадевич Тушин ва муовини якуми ректор Александр Владимирович Пономарёв роҳбарӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба, муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъда ва рушди муносибатҳои шарикӣ байни ду муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Намояндагони Донишгоҳи федералии Урал зимни суҳбат иброз доштанд, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз шарикони муҳимми академии онҳо ба шумор рафта, барои густариши ҳамкориҳо дар самтҳои гуногуни илму маориф ҳавасманд мебошанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо масъалаҳои фароҳам овардани имкониятҳои нави таҳсил, табодули донишҷӯён, ташкили таҷрибаомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-таҳқиқотӣ ва дастгирии ташаббусҳои академиро баррасӣ намуданд.
Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон низ барои ташрифи ҳайати меҳмонон изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳким ва рушди робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва академӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия, аз ҷумла Донишгоҳи федералии Урал, баён доштанд.
Таъкид гардид, ки густариши ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ, табодули таҷрибаи пешқадам ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ метавонад дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва рушди иқтидори илмии ҳар ду муассиса нақши муҳим гузорад.
