Бо мақсади таҳкими корҳои таълимию тарбиявӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги донишандӯзӣ, инчунин ташаккули ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ дар байни ҷавонон, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқ намудани донишҷӯёни соли аввал ба муҳити таълимии донишгоҳӣ пайваста чорабиниҳои маърифатию тарбиявӣ баргузор мегарданд.
Дар ин замина, имрӯз (22.10.2026) бо иштироки намояндагони шуъбаҳои тарбия, ҳуқуқ ва назорати сифати таҳсилот, инчунин масъулини садорати факултети тиббӣ бо донишҷӯёни соли аввали факултет силсилаи вохӯриву суҳбатҳои судманд доир карда шуд.
Зимни вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсил, азхудкунии донишҳои назариявию амалӣ, риояи
интизоми таълим, сари вақт ҳозир шудан ба дарсҳо ва муносибати масъулиятшиносона ба раванди таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки риояи қоидаву талаботи дохилии Донишгоҳ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи анъанаҳои неки фарҳангӣ аз омилҳои муҳимми ташаккули шахсияти донишҷӯ ва омодасозии мутахассисони соҳибмаърифат ба шумор мераванд.
Ҳамзамон, ба масъалаҳои риояи талаботи тартиботи дохилии Донишгоҳ, оинномаи либос, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар ин радиф, масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, мубориза
бар зидди терроризму экстремизм ва роҳ надодан ба зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Таъкид гардид, ки донишҷӯён бояд аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи Донишгоҳ самаранок истифода бурда, барои азхуд намудани донишҳои муосир, такмили ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати худ пайваста талош намоянд.
