Ахбор

ҲАМКОРИҲОИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БО JICA ДАР САМТИ ОМОДАСОЗИИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

2 дақ. хондан

21 октябри соли 2026 ноиби президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA) Танака Хиро ва мушовири агентии мазкур оид ба бахши истихроҷи маъдан Хосои Ёшитака ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо роҳбарияти Донишгоҳ мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, омодасозии мутахассисони баландихтисос, омӯзиши забони ҷопонӣ, коркарди канданиҳои фоиданок, рушди соҳаи гидрогеология ва тақвияти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо доир ба имконоти рушди ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи коркарди канданиҳои фоиданок, рушди гидрогеология, ҳифзи муҳити зист ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат табодули афкор намуданд.

Дар ин замина, ба барномаи JICA «Kizuna» («Риштаҳои дӯстӣ»), ки ба рушди иқтидори инсонӣ ва табодули дониш равона шудааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Барномаи мазкур барои фароҳам овардани имконоти таҳсил ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон, аз ҷумла дар самтҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, саноати кӯҳкорӣ ва энергетикаи геотермалӣ, заминаи мусоид фароҳам меорад.

Татбиқи чунин ташаббусҳо метавонад ба густариши табодули академӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии омӯзгорону донишҷӯён, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷопон мусоидат намояд.

Дар фарҷом ҷонибҳо аҳаммияти таҳкими шарикии судманд миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопонро таъкид намуда, изҳори итминон карданд, ки ҳамкориҳо дар самтҳои илму маориф, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ дар оянда боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.