Иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои сиёсӣ

768

Имрӯз (01.09.2020) бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва афзун намудани ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносии онҳо ба маъракаҳои сиёсӣ вохӯрии намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коршиносони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Изатулло Маҳмудов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва сарнозири Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Исмоилов иштирок намуданд.

Вохӯрӣ бо сухани муқаддимавии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз ёфта, зикр шуд, ки ҷавонони саодатманди кишвар ҳамчун қувваи бузург, неруи бунёдкор ва ояндасози кишвар бо дарки масъулият ва қарзи шаҳрвандӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тарбия меёбанд.

Сипас меҳмонон оид ба нақши ҷавонон дар чорабинии муҳимми сиёсӣ, аз ҷумла Интихоботи Президентӣ, омилҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, саҳми ҷавонон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, боло бурдани худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ суханронӣ намуданд.