ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПОЙТАХТ

1402

Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷашн гирифта мешавад. Бахшида ба ин рӯзи таърихӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешавад. Вобаста ба ин рӯз устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо дастгирии ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. дар як қатор чорабиниҳо иштироки фаъол менамоянд.

Субҳи имрӯз (17.04.2021) гурӯҳе аз донишҷӯёни факултетҳои химия, тиббӣ ва фарматсевтии донишгоҳ бо роҳбарии кормандони раёсати донишгоҳ, ҳамзамон, муовинони декан оид ба тарбияи факултетҳои мазкур дар шанбегии дастаҷамъона иштирок намуда, дар тозаву озода намудани гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва гулгашту роҳравҳои назди бинои асосӣ саҳм гузоштанд.

Илова бар ин, зумрае аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар Ниммарафони XI байналмилалии Душанбе фаъолона иштирок намуданд. Гуфта мешавад, ки бо назардошти мақоми байналмилалӣ гирифтан ва дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидани Ниммарафони байналмилалии Душанбе намояндагони кишварҳои ҳамсоя иштирок намуданд.

 Дар робита ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе чорабиниҳо идома доранд.