ИДИ КАСБИИ КИМИЁГАРОН

801

Ҳамасола якшанбеи охири моҳи май ҳамчун Рӯзи кимиёгарон таҷлил карда мешавад. Имрӯз (29.05.2021) ба ин муносибат бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар факултети химия ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ бо иштироки меҳмонону устодон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Дар ҳамоиш устодону донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии директори иҷроияи филиали донишгоҳ Р.Ғаниев иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо тамошои дастовардҳои илмию таълимии факултети химия, ки дар саҳни факултет ба намоиш гузошта шуда буд, оғоз ёфт. Сипас дар толори факултет аз ҷониби меҳмонону устодони соҳибмактаби факултет дар робита ба дастовардҳои соҳаи илмӣ химия ва ҳамчун иди касбии кимиёгарон интихоб шудани ҳафтаи охири моҳи май маърӯзаҳо ироа гардиданд. Ҳамзамон, дар идомаи ҳамоиш аз ҷониби садорати факултет ба чанде аз донишҷӯён туҳфаҳои хотиравӣ дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки «Рӯзи химия» ё иди касбии кимиёгарон аввалин маротиба дар миёнаҳои солҳои 1960 – уми асри гузашта, ҳамчун ҷашн қабул карда шуд ва минбаъд дар ҳаёти донишҷӯён (дарси Ленинӣ, имтиҳони Ленинӣ) ворид шуд. Якумин маротиба Рӯзи химияро донишҷӯёни курсҳои 4-уми солҳои таҳсили 1965-1966 (В.Ширяев, В.Лунин, С.Киселев, П.Лазерев ва ғайра) дар охири моҳи май дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов гузарониданд. Онҳо ин рӯзро аз Низоми даврӣ гирифта, якум солро «Рӯзи гидроген» ҳамчун ид қабул карданд. Баъдан ба тартиби муайян ҳар солро ба элементе бахшиданд, ки имсол ба 56-ум элементи Низоми даврӣ «Барий» рост меояд. Ҳамзамон, сабаби асосии таҷлили рӯзи кимиёгарон ва ташкили муассисаҳои характери химиявидошта дар ҳамон давра, аз он маншаъ мегирад, ки дар аввали солҳои 60-уми асри гузашта аз ҷониби роҳбарияти ИҶШС шиори “Химикизатсияи тамоми кишвар” қабул карда шуда буд, ки вобаста ба ин аксарияти соҳаҳои химиявӣ рушд намуданд.

Тавре Файзуллозода Э.Ф. – декани факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иттилоъ дод: “Дар факултет аз ҳамон солҳо (1965-1966) инҷониб дар баробари факултети химияи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов “Рӯзи химия” ҷашн гирифта мешавад. Хушбахтона, баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ 3 ноябри соли 1995, таҳти №98 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «Дар бораи рӯзҳои ид» қабул карда шуд, ки дар асоси он ҳамасола якшанбеи охири моҳи май “Рӯзи химия” дар ҷумҳурӣ қайд карда мешавад. Ҳамасола вобаста ба ҷашнгирии Рӯзи касбии химикон дар факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабиниҳо, олимпиадаҳо, конкурсҳо ва чандин озмунҳои гуногун аз қабили “кафедраи сол”, “олими сермаҳсули сол”, “устоди дарсдиҳандаи сол”, “лаборанти сол”, “муҳаққиқ (аспирант, унвонҷӯй, докторани рhD)-и сол”, “магистранти сол”, “донишҷӯи сол”, “гурӯҳи академии сол”, “сардори гурӯҳи академии сол” ва “куратор (сарпараст)-и сол” гузаронида мешавад. Ҳайати устодону кормандони факултети химияи донишгоҳ дар баробари дигар кормандону устодони донишгоҳ дар баргузории чорабиниҳои гуногунсатҳи ҷумҳурӣ саҳми назаррас мегузоранд”.

Мавсуф иброз дошт, ки “Устодони факултети химия бо ҳисси баланди дарки масъулият дар раванди босуръати рушди илм ва техника, ки тамоми соҳаҳои ҳаётро фаро гирифтаву зарурати таҳия ва татбиқи амалии дастовардҳои илмиро ба миён овардааст, фаъолияти илмии худро идома дода, баҳри ҳарчи бештар дар соҳаҳои гуногун татбиқ намудани дастовардҳои илмии худ кушиши зиёд ба харҷ дода истодаанд”.