Имрӯз (24.06.2021) дар толори Шӯрои олимони ДМТ ректори донишгоҳ, сармуҳаррири силсиламаҷаллаҳои илмии донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Паёми ДМТ. Бахши илмҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ» ва кормандони Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи донишгоҳ ҷаласа баргузор намуд.
Дар ҷаласа ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. бори дигар фаъолияти илмиро аз самтҳои афзалиятноки касбии устодону муҳаққиқони донишгоҳ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки силсиламаҷаллаҳои илмии донишгоҳ оинаи илми на танҳо ДМТ, балки тамоми ҷамҳурӣ дониста шудаанд. Бинобар ин, беҳтар гардонидани мазмуну муҳтавои мақолаҳо илмӣ вазифаи муҳимми масъулон мебошад.
Таъкид шуд, ки соли ҷорӣ талабот ба мақолаҳои илмӣ таҷдиди назар карда шуд, ки мақсади ин баланд бардоштани сифати мақолаҳо, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани онҳо ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳи силсиламаҷаллаи «Паёми ДМТ» баҳри ворид гардидани онҳо ба махзани байналмилалии «Scopus» ва «Web of Science» мебошад.
Аъзои таҳририя иқдоми пешгирифтаи ректори донишгоҳро хуш пазируфта, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати мақолаҳо пешниҳодҳои судманд иброз намуданд ва дар ин самт дастурҳои мушаххас гирифтанд.