САФИРИ ФАРОНСА ДАР ДОНИШГОҲ

609

Имрӯз (07.07.2021) сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо аз муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуда, мақсади вохӯриро дар густариш додани самтҳои илму таълим ва ба имзо расонидани санади дахлдор арзёбӣ намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо дар самти омӯзиши забони фаронсавӣ, тоҷикӣ ва табодули устодону донишҷӯён, инчунин, ташкил намудани ҳамоишҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Таъкид шуд, ки дар рӯзҳои наздик ҷиҳати рушд бахшидани ҳамкориҳо ёддошти тафоҳум ба имзо мерасад.