ТАҚСИМОТИ ХОБГОҲ

697

Ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ зумрае аз донишҷӯён ба хобгоҳ таъмин карда мешаванд. Имсол низ ин иқдоми нек дар доираи имкониятҳои донишгоҳ ба роҳ монда шуда, тибқи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ ятимони кул ва маъюбони гурӯҳи 1-ум аз пардохти шартномаи хобгоҳ озод мебошанд.

Бо дастгирии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯёни нимятим ва нафароне, ки имконияташон маҳдуд аст, дар асоси муроҷиати онҳо аз супоридани маблағ озод гардиданд.

Гуфта мешавад, ки бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ тамоми хобгоҳҳо таъмиру тармим гардида, шароити мусоиди истиқомат фароҳам оварда шудааст. Тақсимоти донишҷӯён бо хобгоҳ дар асоси ариза ва розигии роҳбарияти донишгоҳ ҷараён дорад.