Имрӯз (03.09.2021) бахшида ба ҷашни бузурги миллӣ – 30-юмин солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо итбикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адибони ҷавон таҳти унвони “Тараннуми Истиқлол” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи адабиву фарҳангӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию таърихӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ таҳия гардида буд.
Маҳфили адабӣ – ҳунарӣ доир ба эҷодиёти шоирони ватансарои кишвар Аскар Ҳаким, Шоҳона Сулаймонӣ ва Абдуллоҳи Раҳнамо баргузор гардид. Дар маҳфил шоирон доир ба хизматҳои Пешвои муаззами миллат дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва дастовардҳои 30 – соли соҳибистиқлолии мамлакат суханронӣ намуданд.
Дар чорабинии адабӣ зиёда аз 300 нафар адибони ҷавон, аъзои “Пайравони Пешвои миллат”, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва донишҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таълимии кишвар, ҷавонони касбу кори гуногун ширкат намуданд. Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур чанде аз ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ва ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатиро пешкаши ҳозирин намуданд.