МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ САТҲИ ҶУМҲУРИЯВИЮ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШӮРО

517

Имрӯз (01.10.2021) дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Донишгоҳи миллӣ як қатор устодону донишҷӯён, ки дар чорабиниҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштироки фаъол доштанд, қадрдонӣ шуданд.

Зимни баргузории ҷаласа ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дастовардҳои чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳро табрик намуд. Ректори донишгоҳ муовини декан оид ба илми факултети фарматсевтии донишгоҳ Раҳимова Малика Ҳалимовнаро барои иштирок ва сазовори медали нуқра гардиданаш дар 14 – умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирои бонувон «KIWIE – 2021» ва Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар пойтахти Куриёи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул шодбош намуд.

Ҳамзамон, ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ Сулаймонова Азмина Муминҷоновнаро барои иштирок ва ғолиби озмуни «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2021», ки дар доираи 3-юми нашри байналмилалии китоби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавони Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Нур-Султон доир гардид, самимона табрик намуд. Сулаймонова А. М. дар озмуни мазкур соҳиби шаҳодатнома, диплом ва медали тиллои «Беҳтарин олими ҷавони ИДМ-2021» шудааст.

Инчунин, ректори донишгоҳ ғолибони дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе: Р.Каримов – методисти синфхонаи шашка ва шоҳмоти донишгоҳ, Авзалзода А.Ғ. – донишҷӯи курси 1-уми факултети химия, Илҳомзода М. – донишҷӯи курси 2-юми факултети журналистика ва Азизов Я. – хонандаи синфи 9-и Литсейи донишгоҳро барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ аз рӯйи намуди варзиши шашкаву шоҳмот табрик намуд.

Фестивали мазкур таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида буд.

Дар идомаи ҷаласа зумрае аз донишҷӯёни донишгоҳ барои иштироки фаъол дар давраҳои факултетивӣ, умумидонишгоҳӣ ва ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо Ифтихорномаи донишгоҳ ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.