ВОХӮРӢ БО ХОНАНДАГОНИ МАКТАБ

492

Муддатест, ки Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла бо муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ вохӯрию мулоқоти судмандро ташкил намояд.

Дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён чунин мулоқот бо ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ баргузор гардид. Дар мулоқот сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Э. Тавқиев, муовини сардори Раёсати таълим С.Шоимардонов, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ Ҷ.Абдуллоев ва зумрае аз хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Дар аввал намояндагон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд.

Сипас дар толори калони Шаҳараки донишҷӯён нишасти судманд доир гардид. Ҷ. Абдуллоев зимни муаррифии фаъолияти донишгоҳ афзуд, ки мақсад аз вохӯрии имрӯза ошноӣ аз ҷараёни илму таълим ва шароиту имкониятҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати хуб ба роҳ мондани таҳсил шароити хубро фароҳам сохтааст. Дари донишгоҳи мо ба рӯйи ҷавонони боодобу ҳушманд, заковатманду боистеъдод, ватандӯсту илмдӯст боз аст.

Дар охир ҷиҳати ҳамкориҳои судманд дар самти таҷрибаомӯзӣ ба чанде аз роҳбарони мактабҳои таҳсилоти умумӣ Ифтихорномаи Донишгоҳи миллӣ супорида шуд.