Соӽаи ӽаёти иқтисодии ҷомеа ӽамчун проблемаи фалсафӣ

436

Гузаронидани семинару маӽфилӽои илмӣ-назариявӣ дар кафедраи умумидонишгоӽии фалсафа ба ҳукми анъана даромадааст.  Маӽфили навбатӣ муштаракан дар доираи семинари илмӣ-назариявӣ ва маӽфили илмӣ-фалсафии донишҷӯён «Дар ҷустуҷӯи ӽақиқат» (роӽбари маӽфил дотсент Сайлиниссо Сафарова)  баргузор гардид, ки ба ин чорабинӣ доктори илмӽои иқтисод, профессор Хоҷааӽмад Умаров даъват шуда буданд. Маӽфилро мудири кафедра дотсент Ф.Аминов ифтитоӽ намуда, меӽмони чорабинии имрӯзаро хайра мақдам гуфтанд.  Мавзӯи  «Мушкилоти иқтисодӣ ва роӽӽои раӽоӣ ёфтан аз буӽрони молиявии замони муосир» дар алоқамандӣ ба кишварӽои пасошӯравӣ дар замони  истиқлолияти онӽо, мавриди муӽокима қарор гирифт.  Қайд гардид, ки фавран ва бебозгашт канда шудани робитаӽои иқтисодӣ дар як фазои воӽиди истеӽсолӣ ва шабакаи тому устувори иқтисодии давлати бузурге чун Иттиӽоди Шӯравӣ ба фоҷиаи бемисл дар таърихи тараққиёти истеӽсолоти моддию маънавӣ  оварда расонд. Халқу давлатӽои зиёде ба гирдоби ин фоҷиаи мудӽиш фаро гирифта шуданд ва то имрӯз захми ин ҷароӽати вазнин бар дӯши наслҳои баъдӣ боқӣ мондааст. Корхонаӽои бузурги на танӽо Иттиӽоди Шӯравӣ, балки тамоми кишварӽои низоми сотсиалистӣ ба мазраи фалокату фалаҷ рӯ ба рӯ шуда, беӽтарин ва пурқувваттарин муассисаӽои истеҳсолӣ ба нестӣ расиданд. Корхонаи бузури автомобилии «Ikarus», «РАФ», «Robur» ва садӽо корхонаи дигар аз кор бозмонда, ӽазорон-ӽазор коргарон ба чоӽи пуразоби бекорӣ ғуттавар шуданд.

Дар як минтақаи фаъоли иқтисодии ҷаҳон торикию зулмот ва хомӯшии ғайриистеӽсолӣ ӽукмрон гашт. Ана, дар чунин як шароити вазнин кишварӽои навистиклолёфтаро лозим омад, то барои пеш рафтани худ роӽ кушода, мардуми азиятдидаи хешро ба фазои боварию осудаӽолӣ ӽидоят намоянд. Ба ӽамин монанд даӽӽо мушкилотӽои назариявии илмии соӽаи ӽаёти иқтисодӣ мавриди муӽокима қарор гирифта, иштирокчиёни маӽфил ҷамъан ва мутаҳиддона дар он ширкат варзиданд. Дар семинар таъкид гардид, ки аз байн рафтани низоми иқтисодию сиёсии сотсиализм барои вусъат ёфтани барномаӽои глобалие, ки маблағгузорони он хазинаӽои бузурги молиявии ҷаӽонӣ буданд, роӽ кушод. Акнун корпоратсияӽои монополии молиявӣ, саноатию ӽарбӣ  дар заминаи барномаӽои неолибералӣ ба ин кишварӽо, ба бозори холимондаи ҷаӽонӣ сар дароварданро оғоз карданд. Неолиберализм кӯшиш кард пеш аз ӽама дастовардӽои беназири иҷтимоии сотсиализмро нест карда, таӽкурсии ҷомеаи гуманистии пештар бунёдшударо нобуд кунад. Ба баӽонаи ба майдони рақобат ворид сохтани корхонаӽои миллӣ асосан нест кардани онӽо ба нақша гирифта шуд.  Ҳадафи назарияи неолиберализм ӽамон ӽадафӽои колониалию экпансионии компанияӽои британию ӽоландии «Ост-Индия» аст, ки дар охири қарни 18-19  даӽӽо миллион аӽолии Банғоларо (асосан косибону пешоваронро)  ба коми марг кашонид.  Ӽадафи неолиберализм, паӽншавии умумиҷаӽонии бозори озод ба тамоми ҷаҳон, ба ӽама соӽаӽои ӽаёт ва  ҷаӽонишавии иқтисодиёти миллии кишварӽост.  Консепсияи иҷтимоии неолиберализм  ба тавзеӽи бозаргонии ӽама алоқаю робитаӽои ҷамъиятӣ алоқаманд буда, ӽар инсон қабл аз ӽама ӽамчун соӽибкоре тавсиф мешавад, ки ӯ бояд ӽаёти фардии худро чун корхонаи тиҷоратӣ ва ӽар муомилаи  инсониашро чун  аӽдномаи хариду фурӯш баӽогузорӣ кунад.  Ӽатто робитаӽои оилавию хешутаборӣ низ чун рақобати тиҷоратию бозорӣ фаӽмида шавад. Консепсияи этикии неореализм роӽ ба сӯи мафкураи меркантелизм аст. Профессор Хоҷааӽмад Умаров неолиберализмро вожгунсозандаи низоми иқтисодии кишварӽои навистиқлолёфта ӽисобида, муфлисшавӣ ва қашшоқшавии кишварӽои ақибмондаро бар асари дахолати барномаҳои иқтисодии неолиберализм медонад.  Паст кардани стандартӽо дар соӽаи меҳнат, афзудани бекорӣ, муфлисшавии корхонаӽои таъиноти ватанию миллӣ дошта, ӽамла ба иттифоқӽои касаба, пахш намудани адолати иҷтимоӣ натиҷаи фаъолияти неолиберализм аст. Дар ҷараёни баӽс профессор Хоҷааӽмад Умаров ба саволӽои нишастагон дар хусуси барномаи иқтисодии профессор, банкир, лауреати мукофоти Нобелӣ Муӽаммад Юнус  нақл намуданд. Бунёдгузори банки «Грамин» Муӽаммад Юнус низоми микрокредитиро дар пайвастагӣ бо соӽибкорони камбизоат ба роӽ монда, усулӽои анъанавӣ ва принсипӽои ҷомеаи падарсолориро зимни кафолат гузоштани маблағӽо истифода бурдааст. Маблағи камтари қарз, фоизи кам ва муӽлати дарознок  додани қарз ба камбағалоне, ки ӽатто хона надоранд, имкон дод, ки миллионӽо камбағалон ба мубодилаю робитаӽои иқтисодӣ кашида шуданд. Мамлакат аз ӽолати фалокатбори бекорӣ ба муӽити фаъолтари истеӽсолу истеъмолот ворид шуд. Бо ташаббус ва дастгирии корхонаи Муӽаммад Юнус  Grameen Shakti    12 миллион хонаводаи Бангладеш бо нерӯи барқи офтобӣ таъмин ӽастанд. Назариячиёне чун Муҳаммад Юнус тавонистанд идеяӽои гуманистии худро ба ӽаёти иҷтимоии миллионӽо одамон пайваст карда, аз тарафи дигар бизнесу тиҷоратро рӯ ба инсон оварданд.  Профессор Хоҷааӽмад Умаров дар бораи моделӽои иқтисодии кишварӽои чун Аргентина, Ветнам, Сингапур нақл намуда, изӽори боварӣ карданд, ки Тоҷикистон низ имкониятӽои васеи иқтисодӣ дорад то ки ба сафи кишварӽои аз нигоӽи иқтисодӣ пешрафта, дохил шавад. Дар охир мудири кафедраи умумидонишгоӽии  фалсафа Файзалӣ Аминов маӽфилро ҷамъбаст намуда, таъкид намуданд, ки хушбахтона роӽбарияти олии кишварамон барномаи иҷтимоиеро таӽия намудааст, ки дар меӽвари он инсон истодааст. Дар ӽар суханронӣ, вохӯрию ташрифотӽояшон  Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон маӽз дар бораи қишрӽои камбизоати аӽолӣ ӽарф зада, дар воқеият манфиати одамони меӽнату корро дар ҷои аввал мегузоранд. Барномаи минбаъдаи иқтисодии кишварамон сирф характери иҷтимоӣ дошта, манфиати қишрӽои камбизоати аӽолӣ онҷо дар ҷои аввал аст. Мавсуф зикр намуданд, ки чунин семинарӽои илмӣ-назариявӣ барои баланд шудани савияи дониши устодон мусоидат намуда, ба иртиқо рафтани ҷаӽонбинии фалсафӣ ва вусъат ёфтани таваҷҷӯӽи олимони файласуф ба масъалаӽои иҷтимоию иқтисодӣ кӯмак хоӽад кард.

Исфандиёри Наврӯз, Файз Алӣ