ТАЪСИСИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМИЮ ИТТИЛООТӢ ВА Ё ТАҲЛИЛӢ-ТАЪЛИМӢ ТАЛАБОТИ ЗАМОН АСТ…

501

Силсилавохӯриҳои судманд. Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети журналистика масъалаҳои муҳимми илму таълим, равобити байналмилалӣ ва хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 Дар вохӯрӣ зикр шуд, ки Роҳбарияти донишгоҳ ба устодону кормандони факултет таваҷҷуҳи зиёд дошта, ба эҷоди коллективи факултет ва расонаҳои ҳамкор эҳтироми хосса дорад.

Акнун замон замони иттилоот аст ва ҳалли як зумра масъалаҳои зерин талаботи имрӯз мебошад:

1. Таҷдиди назар намудани саволномаҳои тестӣ ва маҷмӯи лексияҳо;

2. Гузаштан аз курсҳои махсуси ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;

 3. Иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ;

4. Ташкили ихтисосҳои нав ва бо адабиётҳои таълимӣ таъмин намудани онҳо;

5. Навиштани мақолаҳои илмие, ки ба талаботи маҷаллаҳои тақризшавандаи байналмилалӣ ҷавобгӯ ҳастанд;

6. Ташкили семинару ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо иштироки намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷи кишвар;

7. Ҷалби рӯзноманигорони варзидаи дохил ва хориҷи кишвар барои гузаштани лексияҳо;

8. Кор бо грантҳои байналмилалӣ;

9. Рушд бахшидани ҳамкориҳо бо ниҳодҳои журналистии дохилу хориҷи кишвар;

10. Ҷоннок намудани фаъолияти ҷараёни корҳои илмӣ (номзадию докторӣ);

11. Дуруст ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ;

12. Ташкил намудани ҳамоишҳои байналмилалӣ – маҷозӣ (онлайнӣ) миёни донишҷӯён;

13. Дарёфти роҳҳои нави ҷалби ҷавонон-донишҷӯён ба муборизаҳои иттилоотӣ;

14. Омода намудани мутахассисони дорандаи забонҳои хуби хориҷӣ.

Дар идомаи вохӯрӣ таъкид шуд, ки замоне дар факултет маҳфили «Хабарнигори ҷавон» хеле фаъол ва дар расонаҳои иттилоотӣ серхонанда буд. Вақти он расидааст, ки чунин маҳфилҳо бештар ташкил гардад. Зеро ин гуна ҳамоишҳо метавонанд ба сайқал додани маҳорати зеҳнии рӯзноманигорони ҷавон мусоидат намоянд.

 Масъалаи дигар дар вохӯрӣ ин сохта ба истифода додани толори наву замонавӣ бо маблағгузории грантҳо буд. Гуфта шуд, ки дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ ва фазои имрӯзаи иттилоотӣ толори хониш, маркази таълимию иттилоотӣ ва ё таҳлилӣ-таълимӣ ташкил намудан талаботи замон мебошад.

Дар интиҳо декани факултети мазкур Б. Қутбиддинов ва устодони факултет Ҷ.Муқим ва С.Гулов дар самти беҳтар гаштани фаъолияти кории самти илмӣ ва ҷалби грантҳои байналмилалӣ сухнронӣ намуданд.