ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ АЗ РӮЙИ ИХТИСОСИ ГЕОЛОГИЯ

828

Дар вохӯрии навбатии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо устодону кормандони факултети геология масъалаҳои гуногуни илму таълим ва робитаҳои байналмилалию хоҷагидорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки ташкили шӯроҳои диссертатсионии миллӣ аз рӯйи ихтисосҳои геология ҳатмӣ буда, дар заминаи он ҷалби ҷавонони боистеъдод ба навиштани рисолаҳои илмӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, дар заминаи ихтисосҳои факултет таълими гурӯҳҳо бо забонҳои русию англисӣ ташкил карда шавад.

Дар идомаи вохӯрӣ масъулин дастур гирифтанд, ки дар самти ҳуҷҷатгузорӣ ва тақсими дурусти соатҳо дар кафедраҳо семинари омӯзишӣ такшил карда, бо ҷалби мутахассисони соҳа нуқсонҳои зеринро бартараф намоянд.

Дуруст ба роҳ мондани барномаҳои таълимӣ, назорати ҷиддии ҷараёни таҷрибаомӯзӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос, навиштани мақолаҳои илмӣ, ташкили маҷаллаи илмии тақризшаванда, ҷоннок намудани фаъолияти корҳои тарбиявӣ ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои маблағгузор.

Дар идомаи вохӯрӣ садорат ва коллективи факултет дастур гирифт, ки роҷеъ ба масъалаҳои баррасишуда нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, давра ба давра камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.