МУҲИММИЯТИ ОМӮЗИШИ ФИЛОЛОГИЯИ АРАБ ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

572

Дар таърихи 16.11.2021 ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Заминаҳои ривоҷу ташаккули филологияи араб дар ҷаҳони муосир” конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар кори конференсия профессорон, дотсентон, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантони Ph.D-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, МДТ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қобили тазаккур аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз марказҳои асосӣ ва муҳимми илмӣ-таълимӣ миёни ҳавзаҳои илмии кишвар ба шумор рафта, дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар омода намудани мутахассисони соҳаҳои мухталифи ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, кадрҳои илмӣ-омӯзгории баландпоя саҳми назаррас дорад. Аз ин ҷост, ки пайваста дар заминаи кафедраҳои тахассусӣ ва факултетҳои донишгоҳ нишасту ҷамъомадҳои гуногунсатҳи илмӣ ва фарҳангӣ доир мегарданд. Дар пайвастагӣ ба ин, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор намудани конференсияҳои илмию назариявии ҳайати профессорону дотсентон, кормандону унвонҷӯён, докторантону аспирантон, магистрону донишҷӯён ба ҳукми анъана даромадааст. Гузашта аз ин, раёсати донишгоҳ тибқи нақшаи пешбинишуда дар пайгирӣ аз ҳадафи устувор намудани робитаҳои илмии донишгоҳ бо марказҳои илмии ҳудуди Тоҷикистон ва хориҷ аз он гузаронидани конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалиро роҳандозӣ намудааст.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз марказҳои асосии арабшиносӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, дастпарварони он дар тамоми муассисаҳои давлатӣ бо фаъолияти корӣ машғул мебошанд. Дар баробари ин, дар кафедра устодони соҳибмактаб ва донишмандоне фаъолият доранд, ки ба тарбияи мутахассисони илмии соҳаи арабшиносӣ хидмати арзанда менамоянд.

Намоиши дастовардҳои илмии устодони факултет, аз ҷумла китобҳои тозанашр (китобҳои дарсӣ аз курси 1-уми то 3-юм), пешниҳод гардидани мақолаю гузоришҳои арзишманди илмӣ аз ҷониби гурӯҳи профессорон, докторони илми филология, дотсентон, номзадҳои илми филология, аспирантону докторантони Ph.D, муҳаққиқону пажӯҳишгарони риштаи ховаршиносӣ худ шаҳодати возеҳи сатҳи баланди баргузории конференсия маҳсуб меёбад.