АТТЕСТАТСИЯ: НАТИҶАГИРӢ АЗ КОРҲОИ ИЛМӢ

681

Дар асоси «Оиннома»-и Донишгоҳи миллӣ ва талаботи «Низомномаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ дар донишгоҳ ҳамасола дар факултетҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва Институти илмию таҳқиқотӣ муҳокимаи ҳисоботи солонаи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ: аттестатсияи умумидонишгоҳии аспирантон ва унвонҷӯён ба роҳ монда мешаванд. Дар робита ба ин, тибқи фармоиши ректори донишгоҳ дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ аз 23.11.2021 то 27.11.2021 ҷаласаҳо ба роҳ монда шудааст.

Дар кори он сардори раёсати илм Р.Наботӣ ва мудири шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ Мирзозода Ф.С. ва садорату мудирияти кафедраҳо иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузории аттестатсия натиҷагирӣ, ошноӣ бо вазъи тадқиқу пажӯҳиши муҳаққиқони ҷавон, инчунин, робитаи пурсамар доштани онҳо бо роҳбарон ва дар муҳлатҳои муайяншуда пешниҳод намудани корҳои илмӣ ва ғайра мебошад.

Санаи 25.11.2021 чунин ҷаласа дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён (ТСО) бо муҳаққиқони факултетҳои физика, геология, механикаю математика, забонҳои Осиё ва Аврупо, муносибатҳои байналхалқӣ ва филология гузаронида шуда, дар он масъулин ба муҳаққиқон доир ба хуб ба роҳ мондани ҷараёни корҳои илмӣ ва сари вақт ба дифоъ пешниҳод намудани рисолаҳои илмӣ дастурҳои мушаххас доданд.