ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮИ ДМТ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

440

Боиси ифтихор аст, имрӯз донишҷӯёни ДМТ дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла олимпиадаҳои фаннӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Чанде қабл аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии маниторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон – давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) дар соли 2021 бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон, шиносоӣ бо асосҳои мурофиаи интихоботи демократӣ ва сайқал додани дониши мутахассисони соҳа зери унвони «Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон» интернет-олимпиадаи байналмилалӣ баргузор намуд. Озмун аз се давра иборат буд. Ду давра дар Тоҷикистон ва давраи ниҳоӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия доир гардид. Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон донишҷӯёни курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносӣ Абдураҳмонзода Шамил иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II гардид.

Зимни суҳбат афзуд, ки олимпиадаи мазкур аз 1-ум то 30-юми сентябр дар давраҳои гуногун баргузор гардид. Дар он 1213 донишҷӯ аз 107 донишгоҳи 18 давлати дунё иштирок намуданд. Дар баробари донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ, инчунин, муҳассилин аз донишгоҳҳои Румия, Конга, Латвия, Сервия ва Черногория иштирок намуданд. Гуфта шуд, ки аввали моҳи декабри соли ҷорӣ ғолибон муайян гардида, дипломҳо ба таври электоронӣ ба соҳибонашон расонида шуд.

Ғолибият муборак Абдураҳмонзода Шамил!