ВОХӮРИИ САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БО УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДМТ

567

Имрӯз (14.12.2021) сафири шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид Абдулраҳмон Ал-Рашидайн ба Донишгоҳи миллӣ ташриф оварда, аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуд. Баъдан меҳмони олиқадр ҳамроҳ бо ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо устодону донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ Ректори донишгоҳ дар самти ҳамкориҳои илмию таълимии донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ДМТ бо марказҳои илмию таълимии Арабистони Саудӣ суханронӣ намуда, мақсад аз баргузории вохӯрии навбатиро густариш додани ҳамкориҳои гуногунҷабҳа унвон намуданд.

“Боварӣ аз он мекунам, ки фаъолияти самарабахши ҷаноби Сафир Валид ибни Абдулраҳмон Ал-Решайдан дар чунин мансаби баланд ва пурмасъулият маҳаки асосии боло рафтани дараҷаи муносибатҳои байни давлатҳоямон дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла дар бахши гуманитарӣ ва ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ мегардад”-афзуд Ректори донишгоҳ.

Ҷаноби Валид Абдулраҳмон Ал-Рашидайн зимни суханронии хеш мақсад аз боздид ва вохӯрии мазкурро дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвият додани самти забономӯзӣ унвон намуда, таъкид дошт, ки сафорат омодааст дар тамоми самтҳо бо Донишгоҳи миллӣ ҳамкорӣ намуда, дар робита ба табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ кумаки ҳамешагӣ расонад.

 Вохӯрӣ бо саволу ҷавоб анҷом ёфт.