2021 – СОЛИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРОМӮШНАШАВАНДА Табрикоти ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба муносибати Соли нави мелодии 2022

791

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

 Ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо ҳамватанони азизамро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо рӯзгори ободу иқболи нек орзу менамоям. Соли 2021 барои мардуми шарифи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат соли воқеан хотирмону таърихӣ ба ҳисоб мерафт, зеро кишвари азизи мо дар ин сол ба дастоварду пешравиҳои басо муҳимму назаррас ноил гардид.

Бузургтарин дастовард дар ин соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда таҷлили сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид доштанд: «…даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад».

Устодону ҳамкорон ва шогирдони азиз!

Воқеан ҳам соли сипаригашта барои ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи миллӣ соли хотирмон буд. Дар тамоми самтҳои фаъолият дастовардҳои назаррас рӯйи кор омаданд. Ташрифи Пешвои муаззами миллат ва сарварони кишварҳои ҳамзабон – Эрону Афғонистон, инчунин, вазирони маориф ва илми давлатҳои дӯст ва сафирони кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон ба донишгоҳ, гузаштани донишгоҳ аз Акридитатсияи байналмилалии «EККА», ҷой гирифтани донишгоҳ дар рейтинги донишгоҳҳои беҳтарини Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ- 2022 (QS World University Rankings: EECA (Emerging Europe and Central Asia), ҳамзамон, ғолиб омадани донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳи аввалин иншоотҳои ҷашнӣ дар донишгоҳ ба муносибати сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ба истифода додани иншоотҳои маишӣ-хизматрасонӣ барои донишҷӯён аз ҷумлаи дастовардҳо ва рӯйдодҳои муҳимми соли 2021 мебошанд, ки дар таърихи донишгоҳ бо хатти заррин сабт мешаванд. Илова бар ин, зумрае аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар чандин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва дастовардҳои беназири таърихӣ гардиданд.

Боварии комил дорам, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ, инчунин, мардуми шарифи кишвари азизам-Тоҷикистон дар соли нави мелодии 2022 дар пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол аз пештара бештар пешраву пешсаф гардида, таъкиди зерини Пешвои миллатро сармашқи кори худ қорор медиҳанд: «…Танҳо азму иродаи қавӣ, эътимод ба фардои нек, заҳмати софдилона ба нафъи Ватан ва давлат моро ба ҳадафҳои олиамон мерасонад».

Бигзор, соли нави 2022 дар роҳи фардои зиндагиямон саодати абадӣ, корнамоиҳои шуҳратманд, дастовардҳои эҷодӣ ва ибтикороти шоёнро паём оварад!

Соли нави мелодӣ муборак!