ВОХӮРИИ САФИРИ ЭРОН БО УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

803

Имрӯз (08.02.2022) дар доираи ҳамкориҳо ва 30-юмин солгарди барқарор гардидани равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ҷаноби Муҳаммадтақии Собирӣ ба Донишгоҳи миллӣ ташриф овард.

Нахуст меҳмони олиқадр бо ҳамроҳии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. аз “Ганҷина”-и ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, ки дар он нодиртарин дастхатҳо маҳфуз аст, дидан намуданд. Гуфта шуд, ки дар “Ганҷина” дастхатҳои нодиртарин бо кӯшишу ғайрати донишманди мумтози соҳаи адабиёт, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода гирдоварӣ ва нигоҳдорӣ шудаанд.

Сипас меҳмони олиқадр ҳамроҳ бо ректори донишгоҳ дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён бо устодону донишҷӯёни факултетҳои забонҳои Осиё ва Аврупо, филология, молиявию иқтисодӣ вохӯрӣ анҷом дод. Зимни вохӯрӣ Ректори донишгоҳ иброз намуд, ки “Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аввалин кишварҳое маҳсуб меёбад, ки соҳибистиқлолии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва сафорати хешро дар Душанбе ифтитоҳ намуд. Бад-ин тариқ ҳамкориҳову равобити густурдае миёни кишварҳои мо дар сатҳи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ оғоз гардида, риштаҳои пайванду ҳамкориҳои муштарак миёни Донишгоҳи миллӣ ва бисёре аз муассисаҳои олии Ҷумҳурии Исломии Эрон вусъату доманаи бештаре пайдо намуд ва имрӯз умедвори ояндаи неки онро дорем”.

Ректори донишгоҳ профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар идомаи суханронии хеш иброз намуд, ки ташрифи сафири кабири Ҷумҳури Исломии Эрон ҷиҳати ҳамкориҳои илмию таълимии донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Исломии Эрон боз ҳам қавӣ гардида, дар рушду такомули ҳама самтҳо пешравиҳои тоза рӯи кор меоянд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Муҳаммадтақии Собирӣ зимни суханронии хеш иброз намуд, ки “ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвар яке аз дурахшонтарин саҳфаҳоти равобити Тоҷикистону Эрон аст, зеро табодули таҷриба миёни донишмандон, муаллимон, донишомӯзон, иҷрои барномаҳои фарҳангӣ ҳунарии ду кишвар ва ширкати донишмандону фарҳангиён дар маросими фарҳангӣ аз авлавиятҳои аслии ин равобит аст.”

Таъкид гардид, ки вохӯрии мазкур дар густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва тақвият додани самти илму маорифи ду кишвар, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ заминаи мустаҳкам мегузоарад.

Дар охир ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба сафири муҳтарам Муҳаммадтақии Собирӣ китоби тозанашри донишгоҳ – “Дар масири ҳамкориҳо”, ки дар робита ба рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ва натиҷаи сафари анҷомдодаи раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Сайид Иброҳим Раисӣ бахшида шудааст, тақдим намуд. Ҳамчунин, аз ҷониби сафорат китобҳои гуногуни таълимӣ ба фонди китобхонаи донишгоҳ туҳфа шуд.