Имрӯз (10.02.2022) дар доираи нақша-чорабиниҳои бахши тарбияи ДМТ дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо ҷаласаи Шӯрои кураторон баргузор гардид.
Дар ҷаласа оид ба масъалаҳои тарбиявии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, масъалаҳои муҳимми ба фаъолияти кураторони гурӯҳи академӣ вобаста, аз ҷумла: саҳми фаъоли куратори гурӯҳи академӣ дар тарбияи ватандӯстии донишҷӯён, мақсаднок баргузор кардани дарсҳои тарбиявӣ, иҷрои талаботи Дастури вазифавии куратори гурӯҳи академӣ, корҳои инфиродӣ-фаҳмондадиҳӣ бо донишҷӯён, саҳми фаъоли куратори гурӯҳи академӣ дар ташкил ва баргузории маҷлисҳои волидайн, фаъол гардонидани иҷрои навбатдорӣ дар сатҳи факултет ва хобгоҳҳо, ташкили дафтари қайди суҳбатҳо бо падару модарони донишҷӯён, ташкили гурӯҳҳои ташвиқотӣ аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол ва забондон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳ.Саидов – мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ дар ҷараёни ҷаласа низ дар робита ба беҳтар гардонидани фаъолияти тарбиявии факултет тавсеаҳои судманд доданд.