Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои бузурги таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, дар баробари омода намудани кадрҳои илмӣ, инчунин, кадрҳои омӯзгорӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва миёнаи касбӣ саҳми арзанда дорад. Бо ин мақсад дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият имрӯз (16.02.2022) дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён таҳти роҳбарии сардори раёсати таълим Қосимзода С., мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Ҷ. Абдуллоев, инчунин, масъулини Сарраёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сардори шуъбаи таъминоти кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияи И.Сомонӣ ва Шоҳмансур, мутасаддиён ва мудирони кабинетҳои методии ноҳияи Сино, директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе вохӯрӣ бо хатмкунандагони курсҳои 4-ум, ки дар равияи омӯзгорӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид.
Нахуст Қосимзода С. оид ба фаъолияти факултетҳои равияи омӯзгоридошта ва беҳтар намудани раванди таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ, инчунин, доир ба назорати доимии донишҷӯёни таҷрибаомӯз аз ҷониби устодони донишгоҳ суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар донишгоҳ имрӯз аз рӯйи 8 ихтисос аз рӯйи равияи омӯзгорӣ мутахассис омода карда мешавад, ки тибқи дархости муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, касбӣ ва миёнаи касбӣ барои идомаи фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб карда мешаванд.
Сипас муовини Сарраёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Фарҳод Худоёров доир ба таъмини кадрҳои лаёқатманд аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷалби мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе, бохабар будани мутахассисони ҷавон аз техника ва технологияи нав суханронӣ намуд. Ҳамзамон, сардори шуъбаи таъминоти кадрҳои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҷумахон Самиев ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Матлуба Каримзода оид ба нозукиҳои касби омӯзгорӣ, методикаи дурусти таълим, дуруст тарбия намудани насли наврас, ҷалби мутахасисони лаёқатманди равияи фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ ва дигар масъалаҳои муҳимми рӯз суханронӣ намуданд.
Вохӯрӣ бо саволу ҷавоб хотима ёфт.