БОЗДИДИ ВОРИСОНИ ИБНИ СИНО АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

682
Имрӯз (17.02.2022) як гурӯҳ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия Парвина Қурбонбекова аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, боздид ба амал оварданд.
Донишҷӯён аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки ба овони донишҷӯии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои олимону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даврони 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст, огоҳии бештар пайдо намуда, ба роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити созгор изҳори сипос намуданд.
Мақсад аз боздиди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси муассисаҳoи олии таълимии кишвар мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи Пешвои миллат таҷассумгари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши илму маориф буда, барои устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар роҳнамои арзанда мебошад.