Ахбор БОЗДИДИ ВОРИСОНИ ИБНИ СИНО АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 17.02.2022 2 дақ. хондан Имрӯз (17.02.2022) як гурӯҳ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба тарбия Парвина Қурбонбекова аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, боздид ба амал оварданд. Донишҷӯён аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки ба овони донишҷӯии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои олимону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даврони 30 соли Истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст, огоҳии бештар пайдо намуда, ба роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити созгор изҳори сипос намуданд. Мақсад аз боздиди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси муассисаҳoи олии таълимии кишвар мебошад. Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи Пешвои миллат таҷассумгари сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши илму маориф буда, барои устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар роҳнамои арзанда мебошад.
Ахбор «ЗАН-САРВАР» – МАКТАБИ ТАРБИЯИ РОҲБАРОНИ ОЯНДАСОЗ 20.11.2026 Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 34-умин солгарди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (20.11.2026) бо…
Ахбор БА ХОТИРИ ШОИРИ МИЛЛАТ: БОЗОР СОБИР ВА МОНДАГОРИИ ШЕЪРИ Ӯ 20.11.2026 Имрӯз (20.11.2026) ба муносибати зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир бо ибтикори факултети филологияи Донишгоҳи миллии…
Ахбор ПЕДАГОГИКАИ МАКТАБИ ОЛӢ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ – ОМИЛИ МУҲИММИ ТАҲАВВУЛИ ТАЪЛИМОТИ МУОСИР 20.11.2026 Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти…
Ахбор БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ФАКУЛТЕТҲОИ ХИМИЯ ВА ФАРМАТСЕВТӢ 19.11.2026 Санаи 19-уми ноябри соли 2026 дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳимми…