ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ ИФРОТГАРОӢ

422
Имрӯз (17.02.2022) дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯёни факултетҳои физика, биология, механикаю математика, геология бо ҳайати кормандони шуъбаи тарбия ва кормандони Раёсати мубориза бар задди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
 Нахуст декани факултети физика, профессор Солеҳов Д.Қ. оид ба самтҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав суханронӣ намуда, зикр кард, ки Паёми Пешвои миллат дар баробари аҳамияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ доштанаш, инчунин, аҳамияти махсуси ахлоқиву тарбиявӣ дорад. Зеро суханону андешаҳои пурмуҳтаво ва пандомези Сарвари давлат зимни ироаи паёмҳояшон дар бораи қонуну адолат, таълиму тарбия, илму маориф, ватандӯстиву ватанпарастӣ, саховату эҳсон, адолати иҷтимоӣ, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ӯ, волоияти қонун ва амсоли онҳо боиси баланд гардидани масъулият ва ҳисси милливу ватандӯстӣ, маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аҳолии мамлакат, бахусус ҷавонон мебошад.
Сипас Зафар Исмоилзода сардори шуъбаи терроризми Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ба донишҷӯён оид ба фарҳанги дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирӣ аз терроризм ва эктремизми мазҳабӣ ва динӣ маълумоти мухтасар дод. Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи дониш, ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, ташвиқу тарғиби ҳувияти миллӣ ва тавсеа бахшидани ҳамкории ҷавонону донишҷӯён бо мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирии гаравидани ҷавонон ба зуҳуроти номатлуб мебошад.