ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ЛИТСЕЙИ ДМТ

657

Имрӯз (22.02.2022) дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 29-умин  солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи  фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.

Нахуст директори литсей, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Ш.Ғаффуров суханронронӣ намуда, иброз дошт, ки  «Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва имрӯз ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст».

Сипас Давлатов Саидаҳмад – роҳбари намояндагони бародарони ҳамяроқи пойгоҳи ҳарбии 201- и Федератисия Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, таъкид дошт, ки «ягон давлат ё миллате бидуни ҳимоя ва артиш вуҷуд дошта наметавонад. Имрӯз Тоҷикистон бо артиш ва Қувваҳои Мусаллаҳи худ, ки воқеан ҳам пуриқтидор аст, ифтихор мекунад. Ҳоло Артиши миллии  мо таъминкунандаи амнияти ҳар сокини мамлакат буда, фаъолияти ниҳодҳои кудратӣ  хуб ба роҳ монда шуда, қисми зиёди кормандони ниҳодҳои қудратиро мутахассисони касбӣ ташкил медиҳанд».

Дар идома аз ҷониби роҳбари намояндагони бародарони ҳамяроқи пойгоҳи ҳарбии 201- и Федератисия Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чанде аз омӯзгорон ва собиқадорони ҷангу меҳнат ифтихорнома ва сипоснома, инчунин, ба толибилмони синфҳои 9-10 гувоҳномаҳои ҳарбӣ супорида шуд.

Дар чорабинӣ ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ бо истифода аз ҷавонони боистеъдоди литсей барномаи фарҳангиро, ки фарогири шеъру суруд, рақсу тарона ва саҳначаҳои ватандӯстӣ буданд, пешниҳоди ҳозирин намуданд.