ЧОРАБИНИҲОИ ҲАРБӢ-ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

326

Ба истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз  бо  ташаббуси кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ падпалковник Ҳ. Қосимов ҳозиринро ба ифтихори Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, изҳор дошт, ки ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ ба шумор меравад.

Сипас миёни донишҷӯёни кафедра мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ дар намуди сафороӣ, ҷудо ва васл намудани автомати Калашников, тайёрии махсус оид ба пӯшидани либосҳои ҳарбӣ гузаронида шуд.

Дар охир зумрае аз донишҷӯёни фаъол бо ифтихорнома қадрдонӣ шуданд. Зимнан таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳои тарбиявӣ-варзишӣ барои афзун намудани ҳисси фатандӯстии ҷавонону донишҷӯён мусоидат менамояд.