ДМТ: ШОҲРУХ ДОНИШҶӮИ БЕҲТАРИНИ ИДМ ШУД!

688

Имрӯз (06.04.2022) ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. донишҷӯйи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Шоҳрух Забиров ва роҳбарияти факултети мазкурро барои дастоварди байналмилалӣ табрик намуда, дар таҳсил ва фаъолияти минбаъдаашон муваффаќиятҳои тозаи эҷодӣ таманно намуд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун кохи бузурги илму дониш дар тарбия ва омода намудани кадрҳои баландихтисос дар ҳама самт нақши босазо дорад. Дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат пайваста бо дарки баланди масъулият ва ифтихори ватандорӣ дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамин аст, ки донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳрух Забиров дар озмун ва нашри 4-умин китоби байналмилалии “Донишҷӯйи беҳтарин”-и ИДМ, ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон, (Қазоқистон, Нур-Султан) ва бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии “Ҳаракати умумимиллии Бобек” миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ доир мегардад, иштирок намуда, ғолиб ва бо дипломи дараҷаи 1, нишони ифтихории “Беҳтарин донишҷӯ” сарфароз гардид.

Бояд гуфт, ки мақсад аз баргузории озмуни мазкур баланд бардоштани сифати донишандӯзии донишҷӯён, инкишофу тақвият бахшидани неруи зеҳнӣ, ҳамчунин, муайян намудани донишҷӯёни лаёқатманд миёни донишгоҳҳои ИДМ, ки ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мароқ доранд, маҳсуб меёбад.

Дар озмуни мазкур дар миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишварҳои ИДМ донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Забиров Шоҳрух Фаррухович, зери роҳбарии мудири кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносӣ Саъдизода Ҷаҳонгир иштирок намуда, ҳамчун донишҷӯи беҳтарин миёни донишгоҳҳои ИДМ дониста шуд.