ДАСТОВАРД. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «ДОНИШҶӮ ВА ПЕШРАФТИ ИЛМИЮ ТЕХНИКӢ»

463

Имрӯз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ғолибони озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ – таҳқиқотии донишҷӯён «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ»-ро истиқбол ва табрик намуд.

Дар партави эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” солҳои 2020 -2040 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ – таҳқиқотии донишҷӯён «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор намуд.

Дастаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ин озмуни мазкур бо гирифтани шаш ҷойи аввал, панҷ ҷойи дуюм, даҳ ҷойи сеюм ва ду ҷойи ифтихорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардид.

Гуфта мешавад, ки мақсад аз ташкил ва гузаронидани ин озмун, дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму технология, принсипҳои сиёсати илмӣ-инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавасмандкунонии донишҷӯёни болаёқат, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию техникӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ–техникӣ ва инкишоф додани неруи зеҳнии ҷавонон мебошад.