ҚАДРДОНИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ФОРУМ

351

Дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урали Федератсияи Русия 12-умин Форуми иқтисодии ҷавонони АвруОсиё дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи ҳуқуқ ва иқтисод доир гардид, ки дар форуми мазкур ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ҳам дар шакли ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ (онлайнӣ) фаъолона иштирок намуданд.

Имрӯз маросими ҷоизасупории иштирокчиёни форум доир гардид, ки чанде аз устодон (Чоршанбиев Садриддин – муаллими калони кафедраи иқтисоди миллӣ ва бехатарии иқтисодӣ) ва зумрае аз донишҷӯёни донишгоҳ (Ш.Шаъбонов, И.Давронов, Солиҳи Р., М.Кенҷаев, Мирзоев Н., Д.Қаландарова, Т. Муҳиддинов, Қосими М. ва Ф.Раҳматуллоев) бо диплом ва шаҳодатнома қадрдонӣ шуданд.