САФИРИ ҶУМҲУРИИ ОЗАРБОЙҶОН ДАР ДОНИШГОҲ:СӢ СОЛИ МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНА

455

Имрӯз (28.04.2022) ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Озарбойҷон мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ баргузор гардид.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. меҳмони олиқадрро ба донишгоҳ хайрамақтам гуфта, оид ба вазъи илму таълим дар донишгоҳ ва ҳамкориҳои байналмилалии он муфассал сухан намуд. Афзуд, ки донишгоҳ бо чандин муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад ва ин ҳамкориҳо рӯз то рӯз афзоиш ёфта истодаанд.

Зимни мулоқот сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскеров иброз дошт, ки маҳз ба шарофати талошҳои роҳбарони олии ду кишвар – Тоҷикистон ва Озарбойҷон муносибатҳои тарафайн ба ҳусни тафоҳум ва эътимод асос ёфтааст. Ин раванд барои рушди устувори равобити ҳамаҷониба байни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар идомаи мулоқот оид ба масъалаҳои гуногуни равобити байналмилалии Озарбойҷону Тоҷикистон саволу ҷавоб сурат гирифт. Ҳамзамон, муҳтарам Сафир таъкид дошт, ки ба муносибати 30-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Озарбойҷон дар сафорат озмуни мақолаи беҳтарин доир гардид ва дар ин озмун зумрае аз донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ иштироки фаъол намуданд. Дар зимн ба ғолибон шаҳодатнома, диплом, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.