Имрӯз (29.04.2022) дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Донишгоҳи миллӣ Ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии музкур сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин ва намояндагони ташкилоту ширкатҳои чинии дар Тоҷикистон амалкунанда, аз ҷумла директори Филиали корпоратсияи роҳи оҳани Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гао Пэн ва муовини директори Филиали ширкати «Транс-таджик газ пайплайн компании лимитед» дар Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Тан Сзин иштирок намуданд. Зимни баргузории чорабинӣ дар толори калони донишгоҳ вохӯрии меҳмонон бо хонандагону кормандони сохторҳои таълимию тиҷоратии чинӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни нишаст ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин ҳамчун рамзи дустӣ туҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.
Ёдрас мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Институти Конфутсийи назди донишгоҳ ва Ассотсиатсияи корхонаҳои Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки дар он ташкилоту ширкатҳои гуногуни Чин дар Тоҷикистон оид ба самти ҷойҳои кори холӣ дар ташкилот варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд.