ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА

1047

Ҳамасола бахшида ба Иди Ғалаба – 9-уми май дар Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун баргузор мешавад. Ба ин муносибат санаи 06.05.2022 роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии хотирмонеро баргузор намуд. Ҳайати устодону кормандон бахшида ба 77-умин солгарди Ғалаба роҳ ба сӯйи Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе пеш гирифта, бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Ҳ. ва ветеранҳои ҷангу меҳнат ва бартарафсозандагони садамаи НБА «Чернобил» ба хотири пос доштани хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ дар пояи лавҳаи «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» гулчанбар гузоштанд.

Сипас дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ бо иштироки устодону донишҷӯёни ДМТ ва намояндагони корпуси дипломатии муқими шаҳри Душанбе пас аз дақиқаи хомӯшӣ ва пос доштани хотираи неки шаҳидон чорабинии тантанавии фарҳангӣ доир гардид.

Дар оғози чорабинии фарҳангӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳозиринро бо ин рӯзи хотирмон самимона табрик намуда, иброз дошт, ки таҷлили ҳамасолаи ҷашни ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи аҷдодони шӯҳратманд буда, аз ҷониби дигар, тавассути он насли имрӯз аз қаҳрамониҳои ҷанговарон, корномаҳои аҷдоди меҳанпарвари худ бархурдор гардида, дар рӯҳияи садоқат ба Ватан ва анъанаҳои неки падарону бобоёни сарбаландамон тарбия меёбанд.

Рӯзи Ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

 Сипас сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович меҳмонон ва иштирокчиёни чорабиниро бахшида ба ин рӯзи таърихӣ таҳният гуфта, зикр намуд, ки ҷасорату мардонагӣ ва ватандӯстиву хештаншиносии тоҷикон дар ин набардҳо сабақомӯз аст ва ҳифзи ободиву осудагӣ бояд шиори имрӯзаи мо бошад.

Дар чорабинӣ, инчунин, намояндаи сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурулко Игор Евгеневич суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дӯстиву бародарии халқҳо ва ёрии ақибгоҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҶБВ сабаби асосии ғалаба буд. Инчунин, устоди ДМТ Файзалӣ Аминов зимни суханронӣ қайд намуд, ки рӯзи Ғалаба сабақи бузургест, барои ҷавонону наврасони имрӯзаи мо. Мояи ифтихори мост, ки паҳлӯ ба паҳлӯи намояндагони халқҳои дигар садҳо ҳазор нафар фиристодагони ҳалқи тоҷик, яъне фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон низ дар таъмин намудани ғалаба саҳми арзишманди худро гузоштаанд.

Дар охир ансамбли халқии “Наврӯз”-и ДМТ барномаи фарҳангӣ пешниҳод намуданд.