Бахше, ки ҳамеша пайи гулгулшукуфоии гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани донишгоҳ ва дар умум дар зебоии намои донишгоҳ саҳми асосӣ мегузорад, қисмати хоҷагидории донишгоҳ мебошад. Ин бахш пайваста бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ пайи ободию зебоии донишгоҳ тадбирҳои мушаххас андешида, ҳамарӯза ба симои донишгоҳ ҳусни дигар зам менамоянд. Шинонидани гулҳои мавсимӣ ва ё гулҳои ороишӣ дар саҳни бинои асосӣ ва гирду атрофи биноҳои таълимию маишии донишгоҳ аз ҷумлаи фаъолияти бахш мебошад, ки мудом сурат мегирад.
Мушоҳида мешавад, ки корҳои анҷомдода на танҳо дар зебоии донишгоҳ, балки дар зебоии як гӯшаи пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҳусни дигар зам менамоянд.