САДОҲОИ ҚУРБОНИЁН РОҲНАМОЯНД…

373

Таҳти ин унвон имрӯз (02.06.2022) дар пояи Маркази таълимии муқовимат ба савдои одамони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки олимону мутахассисони соҳа семинарии байналмилалӣ баргузор гардид. Семинар дар доираи ҳакориҳои шарикон: Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи лоиҳаи «Тоҷикистон: такмилдиҳии таъқиби ҷиноятӣ барои савдои одамон ва дастгирии қурбониёни он» ташкил шуд.

Дар оғози семинар мавзуҳои мубрам, аз қабили шарҳи умумии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва механизмҳои байналмилалии ҳуқуқии ҳимояи қурбониёни савдои одамон, таҳлил ва мониторинги парвандаҳои ҷиноятии марбут ба савдои одамон барои арзёбии риояи ҳуқуқҳои қурбониён ва кумакҳои ба онҳо пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки семинарии мазкур давоми ду рӯз баргузор гардида, аз ҷониби мутахассисон ва намояндагони ташкилоту сохторҳои байналмилалии марбут ба муқовимат бар зидди савдои одамон гузоришҳои муфассал баррасӣ мешаванд.

Дар нақша аст, ки фаъолону маърӯзачиён бо шаҳодатнома сарфароз мегарданд.