БОЗДИДИ РАЁСАТ АЗ РАФТИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ

430

Имрӯзҳо вобаста ба ихтисосҳои мухталиф донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ дар давраи таҷрибаомӯзии таълимӣ- саҳроӣ қарор доранд. Донишҷӯёни ихтисосҳои ботаника, зоология ва биотехнологияи факултети биологияи донишгоҳ аз ҷумлаи онҳост, ки дар Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоби ноҳияи Варзоб машғули кор мебошанд. Боиси қайд аст, ки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои хуб ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯёни донишгоҳ шароити хуби таълимиро фароҳам оварда, ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи таҷрибаомӯзии донишҷӯён пайваста корҳои назаррасро ба сомон мерасонад.

 Имрӯз Раёсати донишгоҳ бо чандин корхонаву идораҳо, муассисаву вазоратҳои кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ дар самти таҷрибаомӯзӣ ба имзо расонидааст. Ҳамзамон, бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ мавзеъҳои таҷрибаомӯзӣ, аз ҷумла Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб, Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоб дар ноҳияи Варзоб, Пойгоҳи фароғатии таҷрибавии «Ҷавонӣ» дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, Маркази таълимӣ-таҷрибавии бостоншиносӣ-этнологияи факултети таърих дар ноҳияи Фархор муайян шудааст, ки устодону донишҷӯён метавонанд аз ин пойгоҳҳо истифода намоянд.

Имрӯз (18.06.2022) бо дастури ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҷиҳати огоҳ шудан аз шароити таҷрибаомӯзии донишҷӯёни факултети биология намояндагони раёсати донишгоҳ – сардори раёсати таълим Қосимзода С.С. ва мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Ҷ.Т. Абдуллоев аз Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоб боздид намуданд. Зимнан намояндагони донишгоҳ бо устодону донишҷӯёни факултети мазкур вохӯрӣ намуда, аз шароитҳои таълим, омӯзиш, хурду хурок ва ҳуҷраҳои маишии донишҷӯён боздид карданд. Дар ҷараёни вохӯриҳо аз ду ҷониб ҷиҳати хуб ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии таълимӣ-саҳроӣ дар самти омӯзиши ҳамаҷонибаи илми биология, гирдоварии маводи лозима ва бознигарӣ ба муҳлати таҷрибаомӯзии саҳроӣ андешаҳои судманд иброз гардид.