Нишасти матбуотӣ: ТАВАҶҶУҲИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШГОҲ

500

Имрӯз (12.07.2022) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ ва беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. роҷеъ ба фаъолияти донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2022 мухтасар сухан намуд. Қайд гардид, ки «Дар нимсолаи аввали соли 2022 ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону кормандон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ бо руҳу илҳоми тоза фаъолият намуда, дар самтҳои мухталиф корҳои назаррасро ба сомон расониданд”. Дар идомаи суҳбат Хушвахтзода Қ.Х. доир ба самти таълиму тарбия, илму истеҳсолот, муносибатҳои байналмилалӣ ва корҳои хоҷагию молиявии донишгоҳ суханронӣ намуд.

Гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади муназзам гардонидани корҳои ташкилию сохторӣ, таълимию тарбиявӣ ва илмию хоҷагидорӣ як силсила тадбирҳои муҳим андешида шуданд. Аз ҷумла, Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар таҳрири комилан нав, ки мухторияти донишгоҳро дар шароити феълии ҷомеа ифода мекунад, таҳия ва бо мувофиқаю дастгирии вазоратҳои адлия, маориф ва илм, молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Ҳамзамон, зикр шуд, ки омӯзгорону донишҷӯёни ДМТ дар натиҷаи иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ 164 медал, аз ҷумла 55 медали тилло, 81 нуқра, 48 биринҷӣ ба даст овардаанд. Аз 164 медал ба донишҷӯдухтарон 57 медал ва ба донишҷӯписарон 107 медал тааллуқ дорад. Аз шумораи умумии 164 медал дар маҷмӯъ 66 медал (21 тилло, 30 нуқра, 15 биринҷӣ) ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 98 медал (34 тилло, 34 нуқра, 30 биринҷӣ) ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ рост меояд.

Дар идомаи нишаст ректори донишгоҳ ва рӯзноманигорон доир ба низоми таҳсилоти кредитӣ, ба хобгоҳ таъмин намудани устодону кормандон, таъсиси ихтисосҳои нави журналистӣ, ҳамкориҳои ДМТ бо кишварҳои хориҷӣ, инчунин, татбиқи корҳои анҷомёфта дар робита ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дар охир ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ.Х. бори дигар ҳузури рӯзноманигоронро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки нақши рӯзноманигорон дар муаррифии дастовардҳои миллӣ, хусусан навгониҳои Донишгоҳи миллӣ муҳим мебошад.