Дастоварди бузург аз мактаби илмии олими тоҷик Комилиён Файзалии Саъдулло

336

Нашри якуми китоби байналмилалии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Беҳтарин дар соҳаи маориф-2022» (Олимони ИДМ) лоиҳаи беназирест, ки ба пешбурди илм ва муваффақияти шахсии кормандони илмию педагогӣ дар саросари ИДМ ва Аврупо нигаронида шудааст.Дар ин лоиҳа ходимони илму педагогии Казокистон, Федератсияи Русия, Узбекистон, Тоҷикистон, Кирғизистон Беларусия иштирок доштанд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур зери роҳбарии Комилиён Ф.С.- устоди кафедраи информатикаи ДМТ, бори якум Файзализода Баҳрулло соли 2021 ва бори дуюм омӯзгори кафедраи информатикаи ДМТ Тағоев Шамсулло соли 2022 иштирок намуда, сазовори медали сарисинагии «Омӯзгори беҳтарин-2022»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо пазируфта шуданд.Инчунин, аз номи лоиҳаи маҳкур ба унвонии устод Комилиён Ф.С. сипоснома барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос равон карда шуд.

Ин дастоварди бузург барои кормандони ДМТ ва соҳаи маорифи кишвар муборак бошад.