Имрӯз (15.07.2022) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истиқбол аз ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҳамоиш ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки имрӯз мо аз иқдомҳои наҷиби роҳбари давлат бо самимияти том истиқбол мегирем иқдоми навбатии Пешвои миллат, воқеан, падидаи ниҳоят арзишманд, воқеаи беназир ва мондагор аст. Зимнан таъкид шуд, ки омӯзиши таърих дар замони ҷаҳонишавӣ муҳимтарин омил дар самти худшиносиву худогоҳии миллӣ ба шумор меравад.
«Ба маврид аст, ки аз таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти рисолати таърих дар сарнавишти инсонҳо ёдовар шавем. «Воқеан мактаби худшиносӣ, истиқлолият ва давлату давлатдории миллӣ баробари чандин омилҳои объектививу субъективӣ боз як омӯзгори хеле сахтгиру нуктасанҷе дорад, ки онро таърих меноманд»»,-афзуд ректори донишгоҳ.
Дар идомаи ҳамоиш маърӯзаҳои устодони факултети таърихи донишгоҳ Акрамӣ Зикриё – д.и.т., профессори кафедраи таърихи халқи тоҷик дар мавзӯи “Китоби “Тоҷикон” – намунаи олии методи омӯзиш ва таҳқиқоти таърихӣ барои муаррихини ҷавон”, Асоев Сабзаалӣ – н.и.т., дотсент, мудири кафедраи таърихи дунёи қадим, асрҳои миёна ва бостоншиносӣ дар мавзӯи “Шуҳрати ҷаҳонии китоби “Тоҷикон”, Шарипов Ҷамолиддин – н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик оид ба мавзӯи “Нақши китоби “Тоҷикон” дар шинохти миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик”, Зиёзода Т.Н. – устоди факултети таърих оид ба мавзӯи “Тоҷикон” – пайвандагари дирӯз, имрӯз ва фардои миллат” ва Шарофиддинов Сӯҳроб – н.и.т., дотсенти кафедраи таърихнигорӣ ва архившиносӣ дар мавзӯи “Аҳаммияти илмӣ ва таърихии китоби “Тоҷикон”-и академик Б. Ғафуров” шунида шуд.
Дар интиҳои ҳамоиш ректори донишгоҳ ҷиҳати иштироки фаъоли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» дастурҳои мушаххас дода, пешниҳод намуд, ки дар пайравӣ ба ташаббусҳои хирадмандонаи Пешвои миллат аз рӯйи асари “Тоҷикон дар оинаи таърих: Аз Ориён то Сомониён”-и Пешвои миллат миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ озмун гузаронида шавад. Зимнан ба масъулин дастур дод, ки дар робита ба таҳияи низомномаи озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
Таъкид шуд, ки баргузории озмунҳои мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният роҳандозӣ гардидааст.