ОБОДКОРИҲО ДАР ДАВРАИ ТАЪТИЛ

386

Бахше, ки ҳамеша пайи гулгулшукуфоии гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани Донишгоҳи миллӣ ва дар умум дар зебоии намои донишгоҳ саҳми асосӣ мегузорад, қисмати хоҷагидории донишгоҳ мебошад. Борҳост, ки аз фаъолияти ин бахш сухан меронему ба масъулину кормандони он таҳсину офарин мехонем. Ин ҷо сухан аз фаъолияти ҳамин бахши донишгоҳ меравад, ки дар давоми таътили тобистона пайи ободию зебоии донишгоҳ татбирҳои мушаххас андешида, ҳамарӯза ба симои донишгоҳ ҳусни дигар зам менамоянд.

Имрӯз раёсати донишгоҳ, таҳти сарварии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар самти зебоиву озодагии биноҳои таълимӣ, утоқҳои корию синфхонаҳои дарсӣ, марказҳои илмию таълимӣ, ободу зебо намудани ошхонаю гулгаштҳои роҳрави факултетҳо заҳмату талоши шабонарӯзӣ намуда, давоми таътили тобистона мавзеъҳои зикршударо мавриди таъмиру тармим қарор дода истодаанд.

Мушоҳида мешавад, ки кормандони бахши мазкур тибқи дастуру супоришҳои роҳбарият аз пештар дида бештар барои ободу зебо намудани донишгоҳ ва муҳайё намудани шароити хуби таҳсилу таълим барои ҳайати бисёрҳазорнафараи донишгоҳ саҳми худро гузошта истодааст.