САБЗУ ХУРРАМ НАМУДАНИ МАВЗЕЪҲОИ ХОБГОҲ

427

Тозаву зебо гардонидани биноҳои таълимию иншоотҳои гуногуни Донишгоҳи миллӣ ва муҳити атрофи онҳо яке аз самтҳои фаъолияти масъулини донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Чун анъана рӯзҳои шанбе дар ҳудуди биноҳои мухталифи Донишгоҳи миллӣ корҳои тозагӣ–шанбегӣ гузаронида мешавад. Айни замон аз ҷониби масъулини донишгоҳ дар биноҳои таълимӣ ва дигар иншоотҳои донишгоҳ корҳои таъмину тармим ва азнавсозиҳо гузаронида мешавад. Аз ҷумла, субҳи имрӯз (06.08.2022) чунин корҳои сабзу хуррамгардонӣ – шанбегӣ дар ҳудуди хобгоҳҳои донишгоҳ баргузор гардид.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби масъулин ва кормандони самти мазкур гирду атроф ва роҳравҳои назди биноҳои хобгоҳҳо пурра тозаву зебо карда шуданд.