РОҒУН – ЗАМИНАИ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

356

Роғун манбаи нури ҳар як хонадон, гармии қалби ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи иқболу сарбаландии мардуми тоҷик, кафолати рушди босуботи Тоҷикистон ва нуфузу обрӯи давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ҳадафҳои стратегии худро муайян намуд, ки дар таъмини амалӣ гардидани ин ҳадафҳо нақши объектҳои обӣ (захираҳои обӣ) ниҳоят муҳим мебошад. Ҳадафҳои стратегии мамлакат ҳифзи амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба ҳисоб мераванд, ки аз чор ҳадафи стратегии номбаргардида, сетои он (ҳифзи амнияти озуқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар) ба истифодаи самаранок ва мақсадноки захираҳои обӣ вобастагии ногусастанӣ доранд. Яъне истифодаи самараноки обро қисми таркибии ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон «истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар» бояд донист, зеро бо истифодаи самараноки об ва объектҳои об иншоотҳои бузурги гидроэнергетикӣ сохта мешаванд, ки дар истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва тезонидани фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатӣ заминагузор хоҳанд буд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои аз ҷиҳати дороии захираҳои обӣ бой шинохта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати дороии захираҳои обӣ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум, дар миқёси ИДМ ҷойи дуюм ва дар миқёси Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ишғол мекунад. Захираҳои обӣ таъминкунандаи рушди тамоми соҳаҳои давлатдорӣ ва муаррификунандаи давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд. Бо назардошт ин, зарур аст, ки захираҳои обӣ дуруст ва самаранок истифода гардида, баҳри пешгирӣ аз камшавии онҳо чораҳои дахлдор андешида шавад. Яке аз воситаҳои муҳим дар самти пешгирии камшавии захираҳои обӣ ин зиёд намудани манбаъҳои захиравӣ ҳисобида мешаванд, ки ба сифати онҳо бунёди неругоҳҳои барқи обиро номбар кардан имкон дорад.

Бояд тазаккур дод, ки муҳити экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар барои коркарди қувваи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза бо истифодаи захираҳои обӣ, аз ҷумла дарёҳо мусоид мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи ҳифз ва истифодаи сарфакоронаи захираҳои обӣ бо ташаббусҳои созанда дар арсаи байналмилалӣ баромад намуда, дар таъмини амнияти экологии аҳолии сайёра саҳми арзишманд гузоштааст. Давраи навро дар самти таъмини амнияти экологии сайёра қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 мегузорад. Санаи 21-уми декабри соли 2016 зимни баргузории ҷаласаи Пленарии 71-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои СММ пешбарӣ шуда буд, бо райъи 193 давлати аъзои созмони мазкур, тасдиқ гардид. Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қарори нави худ иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълони Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки бори аввал дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об дар Ҷумҳурии Корея 12-уми апрели соли 2015 ироа шуда буд, дастгирӣ кард. Аз мазмуни Қатъномаи мазкур бар меояд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» рӯзи 22-юми марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) оғоз ёфта, 22-юми марти 2028 ба анҷом мерасад. Воқеан иҷрои саривақтии ҳадафҳои дар Қатънома зикргардида, имкони ташаккули ҳар як давлатро аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ таъмин карда метавонад. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани Қатъномаи мазкур иқдоми бузурги башардӯстонае ба шумор меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти тамоми сокинони сайёра беҳбудӣ меорад. Қабули қатъномаи мазкур боз ҳам нуфузу эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ боло мебардорад.

Қатъномаи мазкур дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди соҳаи гидроэнергетика нақши муҳим дошта метавонад. Бешубҳа бидуни неруи барқ таъмин намудани рушди устувор имконнопазир аст. Бо ин мақсад дар қатъномаи мазкур алоқамандии захираҳои об, озуқаворӣ, энергетика ва муҳити зист зикр гардидааст, яъне истифодаи мақсадноки захираҳои обӣ имкон медиҳад, ки таъмини озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ, рушди устувор ва муҳити зисти солим барои сокинон муҳайё карда шавад.

Таъкид бояд дошт, ки давра ба давра соҳаи энергетика дар Тоҷикистон рушд ёфта истодааст ва зарур аст, ки ҳарчи бештар ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ роҳандозӣ карда шавад. Давраи татбиқи Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028» маблағгузорӣ ва ҳамкориро дар соҳаи об равнақ бахшида, ба рушди соҳаи энергетикаи кишвар мусоидат менамояд.

Гидроэнергетика яке аз афзалиятҳои калидии рушди устувор ва манбаи асосии истеҳсоли барқ барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат маҳсуб меёбад. Яке аз усулҳои истифодаи самараноки об ин истифодаи пурсамари манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд, мебошад. Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медорад, ки бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиши хавфи офатҳои табиии вобаста ба об бештар мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Нақши муҳимро дар ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ ин тавлиди неругоҳҳои барқи обӣ иҷро менамоянд, ки аз дигар навъҳои неругоҳҳо (масалан, ҳароратӣ) афзалият доранд ва ба захираҳои обӣ таъсири манфӣ намерасонанд. Аз ин рӯ, мебояд чунин навъи неругоҳҳо зиёд карда шаванд. Неругоҳҳои барқи обӣ афзалияти муҳим доранд, чунки фаъолияти онҳо партови гази карбонат ба ҳаворо аз байн бурда, миқдори нафт, газ ва ангиштро сарфа мегардонад.

Дар Тоҷикистон шумораи зиёди неругоҳҳои барқи обӣ сохта шудаанд, ки дар ҳифзи захираҳои обии кишвар нақши муҳим доранд. Яке аз неругоҳҳои барқӣ-обии мамлакат, ки дар ҳифзи захираҳои обӣ нақши меҳварӣ дорад, ин НБО-и Роғун мебошад. Дар пешрафти соҳаи энергетикаи Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши НБО-и Роғун бениҳоят муҳим аст, зеро бо бунёди ин кохи нур истиқлолияти энергетикии кишвар таъмин гардида, ба содироти неруи барқ, ба афзун гардидани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ба рушди соҳаи саноати кишвар мусоидат карда мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки санаи 16 ноябри соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оғози агрегати якуми НБО-и Роғун асос гузошта шуд. Дар ин рӯз Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд ва ба фаъолияти ин иншооти бузурги аср, ки ба рушду тараққиёти кишвар мусоидат хоҳад кард, оғоз бахшиданд. Аз лаҳзаҳои аввали ба кор даровардани агрегати якум ба низоми умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд ва равшанию гармии кохи нур ба хонадони тоҷикистониён ворид гардид. Ин манбаи нуру равшанӣ барои баромадан ба бозори ҷаҳонии содироти захираҳои энергетикӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Мавриди зикри хос аст, ки ин неругоҳ аз пуриқтидортарин иншоотҳои силсилаи неругоҳҳои руди Вахш ба шумор меравад, ки аз 6 агрегат иборат буда, тавоноии ҳар кадом 600 мегаваттро ташкил медиҳад. Неругоҳи мазкур бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт-соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аллакай ду агрегати ин иншооти аср мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд ва давра ба давра дигар агрегатҳои он ба истифода дода мешаванд, ки ин ҳама эҳтиёҷи ба неруи барқ доштаи Тоҷикистонро комилан рафъ намуда, барои инкишофи иқтисодиёти кишвар такони ҷиддӣ мебахшад ва ба пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи мусоид мегузорад. Бунёди НБО-и Роғун боиси дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани обрӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва таҳкими нуфузу мавқеи он дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад гардид.

Ҳусниддин Саидов, мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дотсент