ҲАМКОРӢ ДАР САМТИ ИЛМҲОИ ТАБИӢ

385

Имрӯз (15.08.2022) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо дабири кулли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Корея Алек Ли ва сардори Раёсати ҳамкориҳои хориҷии Корея дар Тоҷикистон Жебок Сим мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба фаъолияти илмию таълимии донишгоҳҳои ҳамкор ва табодули устодону донишҷӯён ибрози андеша намуданд. Зимнан таъкид шуд, ки ҷониби донишгоҳҳои Корея омодааст, ки дар самти илмҳои тиббию фарматсевтӣ ҳамкориро ба роҳ монда, дар доираи шартномаи тарафайн ҷиҳати омӯзиши забонҳои хориҷӣ марказҳои таълимӣ ташкил намояд.

 Ректори донишгоҳ ҳамкорӣ бо факултетҳои тиббию фарматсефтӣ ва пойгоҳҳои таҷрибаомӯзии донишгоҳро судманд арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ташкили ҳамоишҳои илмӣ-омӯзишӣ: ҳузурӣ ва ё маҷозӣ муҳим мебошад.

Дар интиҳо ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки барои ҳамкориҳои минбаъда дар самтҳои мухталиф ёддошти тафоҳум ба имзо расонанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати намояндагони Кумитаи низоми маориф ва хизматрасонии ёрии фавқулодаи тиббии Корея бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои сармоягузории кишвар, дарёфти коршарикон ва роҳандозии фаъолияти муштарак ба ҷумҳурӣ ташриф овардаанд ва меҳмони гиромӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.