ФОРАМСОЗӢ ДАР ХОБГОҲҲО

420

Сабзазор ва бехи гулҳоро аз алафҳои бегона тоза кардан, роҳравҳои назди биноҳо, аз ҷумла қисмати хиёбони кӯчаи Нахимова 64/10, ки дар он хобгоҳи донишгоҳ ҷойгир шудааст, пурра рӯбучин намудан яке аз самтҳои фаъолияти масъулини бахши хоҷагидории донишгоҳ гаштааст, ки ҳар ҳафта дар он шанбегиҳо гузаронида мешаванд. Имрӯз низ аз ҷониби кормандони ин самт корҳои форамсозӣ дар назди биноҳои хобгоҳҳо гузаронида шуд.